Формат обучения: certification

Даты мероприятия: доступен постоянно

Стоимость: бесплатно

Доступ с текущей даты на 30 дней.

Обучение доступно для финансовых организаций стран региона.

Сертификатсия ба ҳама корманди ташкилоти молиявӣ барои тасдиқи дониши худ дар соҳаи маблағгузории корхонаҳои хурдтарин ва хурд (КХХ) соҳаи кишоварзӣ (хоҷагиҳои фермерӣ/деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии хурд), ҳамзамон методикаи таҳлили ҳам намудҳои стандартии тиҷорати хурдтарин ва хурд, ҳам истеҳсолкунандагони кишоварзӣ, инчунин дониши хавфҳои паҳнгардида дар қарздиҳии кишоварзӣ.

 Таълим ва тестгузаронии сертификатсионӣ дар онлайн платформаи RSBP гузаронида мешавад.

Мақсади барномаи сертификатсионӣ мусоидат намудан дар омодакунии заминавии кормандони ташкилотҳои молиявӣ мебошад, ки корро бо мизоҷони кишоварзӣ оғоз менамоянд. Сертификатсия воситае мебошад, ки мавҷудияти дониши мутахассисро дар соҳаи маблағгузории тичоратҳои кишоварзии сегменти КХХ тасдиқ менамояд. Барномаи сертификатсия инчунин барои кормандони таҷрибадор барои тасдиқ ва мураттабкунии дониши худ фоиданок аст.

Чӣ хел сертификатро соҳиб шуд

Дар барномаи сертификатсияи “Маблағгузории корхонаҳои хурдтарин ва хурди соҳаи кишоварзӣ” ҳамаи истифодабарандагони платформа иштирок карда метавонанд.

Барномаи сертификатсия якчанд мавзуъҳо ва гузаштани тестсупории ҷамъбастиро дар бар мегирад, ки аз рӯи натиҷаи он  сертификати электронӣ дода мешавад

Ба барномаи "Маблағгузории корхонаҳои хурдтарин ва хурди соҳаи кишоварзӣ" омӯхтани курсҳои зерини платформа дохил карда шудаанд:

  • OL1908 Хусусиятҳои қарздиҳӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ (агробизнес).Курс хусусияти растанипарварӣ ва чорводорӣ ва фарқияти асосии кор бо кормандони қарзиро дар кор бо мизоҷони кишоварзии сегменти КХХ дар муқоиса бо дигар соҳаҳо баррасӣ менамояд. Курс хусусиятҳои асосии минтақавии Осиёи Марказиро ба ҳисоб мегирад.
  • OL1901 Асосҳои қарздиҳии хурдКурс барои додани дониш аз рӯи чунин мавзӯъҳо, чун: ҷамъоварӣ, таҳия ва таҳлили маълумотҳо дар бораи мизоҷ – субъекти тиҷорати хурд, азнавтафтишкунии маълумотҳо, тартибдиҳии хулоса ва баҳодиҳии вазъияти ҳақиқии молиявии мизоҷ нигаронида шудааст.

Баъди гузаштани ҳамаи курсҳои дар боло зикргардида, барои гирифтани сертификат, претендент бояд бомуваффакият комплекси онлайн тестҳои “Маблағгузории корхонаҳои хурдтарин ва хурди соҳаи кишоварзӣ”-ро гузарад. 

Платформа ба претендент танҳо баъди итмоми ду курсҳои дар боло зикргардида иҷозати номнавис гардиданро медиҳад.

Дар ҳолате, агар Шумо курсҳои мазкурро бо забонҳои гуногун (русӣ, тоҷикӣ, англисӣ) омухтаед, барои сабт ба тести сертификатсионӣ ба   Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript. дархост равон кунед ва ҳамзамон забонеро, ки бо он мехоҳед тести сертификатсиониро гузаред, дарҷ намоед.

Ҳангоми пайдо шудани саволҳо Шумо метавонед ба суроғаи Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.  муроҷиат намоед.